МАЪЛУМОТИ УМУМӢ
МАЪЛУМОТИ УМУМӢ
Муассисаи давлатии Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати ш. Душанбе бо Қарори раиси ш. Душанбе аз 05.08.2010 № 474-7 ва Фармоиши сардори Раёсати маорифи ш. Душанбе аз 26. 08. 2010 № 89/1-б ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Бинои таълимии Гимназия аз се корпуси асосии таълимӣ, толори варзишӣ ва ошхона иборат мебошад.
Ҳадафи асосии ҷомеаи омӯзгории гимназия ин баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, тарбияи шахси соҳибмаърифату ватандӯст буда, корҳои таълиму тарбияро дар асоси талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»; амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; фармону дастурҳои тасдиқкардаи Вазорати маориф; Низомномаи гимназия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Гимназия ва қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлативу Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст.
Гимназия аз рӯи равияи гуманитарӣ, дар ду баст фаъолият дорад: басти якум – дарсҳои давлатӣ, басти дуюм –дарсҳои иловагӣ, ки бо назардошти хоҳиши хонанда дар асоси аризаи волидайн ташкил карда шудааст.
Таълими фанҳо аз рӯи нақшаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст:
синфҳои 1-4 — аз рӯи замимаи 6;
синфҳои 5-9 — аз рӯи замимаи 6.1;
синфҳои 10-11 — аз рӯи замимаи 7.1 ва 7.2
Дар аввали соли таҳсили 2016-2017 дар Гимназия дар 27 синф 813 нафар хонанда таҳсил мекарданд:
дар синфҳои ибтидоӣ 410 нафар хонанда,
дар синфҳои 5 – 9 321 нафар хонанда,
дар синфҳои 10 – 11 82 нафар хонанда.
Ҳайати омӯзгорӣ
№ | Теъдоди омӯзгорон | ТАХАССУС | Дорандаи унвони «Аълочии маориф ва илми ҶТ» | |||
олӣ | якум | Дуюм | умумӣ | |||
1 | 43 | 16 | 13 | 4 | 10 | 9 |
Натиҷаи ҷамъбасти баҳоҳои аттестатсияи аз синф ба
синфгузаронӣ дар солҳои таҳсили
2015-2016 ва 2016-2017
Синф | Шумораи хонандагон |
2015-2016
|
монд |
синф
|
Шумораи хонандагон |
2016-2017
|
монд | |||||||||
тирамоҳ | Такрор | |||||||||||||||
Тирамоҳ | Такрор | |||||||||||||||
5 | 4 | 3 | 2 | 5 | 4 | 3 | 2 | |||||||||
4а | 26 | 12 | 24 | 14 | 2 | 2 | 4а | 31 | 21 | 35 | 6 | |||||
4б | 26 | 16 | 29 | 7 | 4б | 31 | 11 | 32 | 19 | |||||||
4в | 30 | 24 | 29 | 7 | 4в | 31 | 40 | 20 | 2 | |||||||
5а | 26 | 17 | 24 | 11 | 5а | 23 | 22 | 21 | 3 | |||||||
5б | 25 | 26 | 14 | 10 | 5б | 25 | 19 | 14 | 17 | |||||||
5в | 25 | 18 | 15 | 17 | 5в | 25 | 14 | 24 | 12 | |||||||
6а | 28 | 24 | 28 | 4 | 6а | 20 | 12 | 17 | 11 | |||||||
6б | 28 | 24 | 24 | 8 | 6б | 24 | 26 | 14 | 8 | |||||||
7а | 28 | 23 | 27 | 6 | 6в | 21 | 9 | 17 | 16 | |||||||
7б | 20 | 14 | 17 | 9 | 7а | 30 | 26 | 27 | 7 | |||||||
8а | 30 | 20 | 21 | 19 | 7б | 26 | 18 | 21 | 13 | |||||||
8б | 29 | 18 | 32 | 8 | 8а | 25 | 21 | 24 | 5 | |||||||
10а | 33 | 26 | 46 | 27 | 8б | 20 | 10 | 12 | 16 | |||||||
10а | 25 | 28 | 26 | 21 | ||||||||||||
10б | 24 | 30 | 39 | 3 | ||||||||||||
Њамагӣ | 354 | 262 | 330 | 147 | 2 | 2 | Њамагӣ | 381 | 307 | 357 | 159 |
|
Натиҷаи ҷамъбасти баҳоҳои аттестатсияи давлатии хатми мактаби таҳсилоти умумии асосӣ дар шаш соли таҳсил
Соли таҳсил | Шумораи хонандагон | 5 | 4 | 3 | 2 | Монд | |
тирамоҳ | такрор | ||||||
2011-2012 | 34 | 54 | 97 | 19 | — | — | — |
2012-2013 | 47 | 69 | 124 | 42 | — | — | — |
2013-2014 | 36 | 67 | 97 | 16 | — | — | — |
2014-2015 | 54 | 101 | 136 | 33 | — | — | — |
2015-2016 | 58 | 94 | 155 | 41 | — | — | — |
2016-2017 | 58 | 96 | 160 | 34 | — | — | — |
Натиҷаи ҷамъбасти баҳоҳои аттестатсияи давлатии хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаш соли таҳсил
Соли таҳсил | Шумораи хонандагон | 5 | 4 | 3 | 2 |
Гувоҳнома |
2011-2012 | 18 | 49 | 56 | 3 | — | |
2012-2013 | 24 | 33 | 91 | 20 | — | |
2013-2014 | 22 | 72 | 60 | — | — | |
2014-2015 | 46 | 103 | 146 | 27 | — | |
2015-2016 | 27 | 81 | 78 | 3 | — | |
2016-2017 | 28 | 78 | 86 | 3 | — |
Иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ
Соли таҳсил |
Шумораи медал гирифта гон |
Тилло | нуқра |
иштирокчиёни олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ |
Ифтихорнома | Тавсиянома |
2011-2012 | 1 | — | 1 | 7 | 6 | 1 |
2012-2013 | 1 | 1 | ||||
2013-2014 | 1 | 1 | ||||
2014-2015 | 1 | 1 | 2 | 1 | ||
2015-2016 | 2 | 1 | 1 |
Натиҷаи иштироки хонандагон дар олимпиадаи ноҳиявӣ
Соли таҳсил | Шумораи иштирокчиён | Ҷойҳои ифтихорӣ | Шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ | ||
1 | 2 | 3 | |||
2014-2015 | 69 | 10 | 14 | 23 | 47 |
2015-2016 | 78 | 4 | 15 | 32 | 51 |
2016-2017 | 79 | 3 | 13 | 33 | 49 |
Иштирок дар Сессияи калони АХИ ҶТ:
№ |
Соли хониши 2010-2011 Сессияи ХХХШ |
Соли хониши 2011-2012 Сессияи ХХХIV |
Соли хониши 2012-2013 Сессияи ХХХV
|
Соли хониши 2013-2014 Сессияи ХХХVI
|
Соли хониши 2014-2015 Сессияи ХХХVI
|
Соли хониши 2015-2016 Сессияи ХХХVI
|
Соли хониши 2016-2017 Сессияи ХХХVI
|
1 | 10 нафар: | 16 нафар: | 25 нафар: | 29 нафар | 25 нафар | 16 нафар | 16 нафар |
2 Диплом ва 8 ифтихорнома | 2 Диплом ва 14 ифтихорнома |
10 Диплом, 13 ифтихорнома, 1 аъзо – корреспондент 1 академик. |
19 Диплом ва 9 ифтихорнома1 узви вобаста | 20 диплом, 19 ифтихорнома3 узви вобаста. | 9 диплом, 6 ифтихорнома, 1 узви вобаста. | 9 диплом, 4 ифтихорнома, 2 узви вобаста, 1 узви ҳақиқӣ. |
Дар гимназия 6 иттиҳодияи методӣ фаъолият дорад, ки дар асоси нақшаи кории солонаи аз тарафи маъмурияти гимназия ба тасдиқ расида фаъолият намуда, дар пешрафти кори таълиму тарбия саҳмгузор аст. Бо ташаббуси омӯзгорон то имрӯз чанд чорабиниҳои ташкил ва гузаронида шуд.
- Соли таҳсил бо гузаронидани ҷамъомад бахшида ба “Рӯзи дониш” оғоз ёфт ва корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев дар фарҷоми ҷамъомад сухан карда, толибилмон ва омӯзгоронро бо Иди Дониш табрик намуданд ва ба онҳо дар фаъолияташон бурдбориҳо хостанд. Дар ин рӯз дар ҳамаи синфҳо дарси аввалин “Дарси Сулҳ” буд.
- Рӯзи 09.2016 дар саросари кишварамон Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин ҷашн хонандагони гимназия таҳти роҳбарии муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, муаллим Ҷаъфаров Н. барномаи илмӣ-фарҳангӣ омода карда, пешкаши ҳозирин намуданд.
- Рӯзи 22.09.2016 с. бо роҳбарии иттиҳодияи методии забон ва адабиёти тоҷик дар гимназия “Рӯзи Рӯдакӣ” таҷлил гардид. Хонандагон аз ашъори Малик-уш-шуарро, устоди шоирон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ порачаҳо қироат намуданд ва доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоир саҳначаҳо намоиш доданд.
Ба ҳамин монанд рӯзи 09.2016 с. аз тарафи иттиҳодияи методии муаллимони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик бахшида ба рӯзи бузургтарин шоир ва мутафаккири асри XIII-и форсу тоҷик Ҷалолиддини Румӣ чорабинии илмӣ – фарҳангӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Рӯзи 01.10.2016 с. як қатор хонандагони синфҳои панҷум ба сафи “Ворисони Сомонӣ” қабул гардиданд. Таҳти сарварии роҳбари Созмони талабагони гимназия, Давлатова З. бахшида ба ин ҷашн чорабанӣ омода шуд, ки дар ин чорабинӣ намояндаи Қасри кӯдакон ва наврасон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
11. 2016 с. даври шаҳрии озмуни «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» дар гимназия баргузор гардид, ки дар он меҳмонон аз Вазорати фарҳанг Иброҳимов Қиёмиддин, аз китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар Муҳаббати Юсуф, омӯзгорон ва хонандагон аз мактабҳои шаҳр ташриф оварданд. Аъзои ҳакамон ба дониши хонандагони гимназия баҳои баланд доданд. Хонандаи синфи 10 «б»-и гимназия Сулаймонова Ҷавоҳира дар даври ҷумҳуриявии ин озмун ширкат варзида, сазовори «Шоҳҷоиза» гашт.
Аз 18 то 20 ноябри соли равон дар давлати Туркия мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба Каратэ-до баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз 19 давлати дунё қувваозмоӣ намуданд. Хонандаи синфи 10 «б» Ниёзова Аниса дар ин мусобиқа бар рақибони худ ғолибият ба даст оварда, сазовори ҷойи сеюм гашт.
- Дар моҳи декабр бо ташаббуси омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ вохӯрии хонандагон бо устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ҳуқуқшинос Каримов Хуршед баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ устод Каримов Х. дар мавзӯи ҳуқуқи инсон сухан намуданд.
- Моҳи декабр даври дуюми олимпиадаи фаннии мактаббачагон баргузор гашт, ки дар он 88 нафар хонандагони гимназия ширкат варзида, 37 нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.
- Дар гимназия синфхонаи компютерӣ бо шабакаи интернет пайваст буда, хонандагон метавонанд дар олимпиадаҳои фосилавӣ иштирок намоянд. Соли равон шогирдони мо дар чунин олимпиадаҳо ширкат намуда, сазовори дипломҳо гардиданд.
- Баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани робитаи мактабу оила, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар» ҳамасола дар гимназия санҷиши дониши хонандагон бо иштироки волидайн гузаронида мешавад. Моҳи январи соли равон низ дар гимназия чунин санҷиш ташкил ва баргузор гардид. Маводҳои ин санҷиш: саволномаҳо, варақаҳои баҳо дар ҷузвдони алоҳида ҷамъ оварда шудаанд.
- Моҳи январ хонандагони синфҳои 9-11 дар даври сеюми олимпиадаи фаннии мактаббачагон ширкат варзиданд ва 6 нафари онҳо сазовори ҷойҳои намоён гаштанд:
- Ҷураева Сабрина – хонандаи синфи 9 «а» аз фанни забон ва адабиёти тоҷик.
- Сулаймонова Ҷавоҳира – хонандаи синфи 10 «б» аз фанни забон ва адабиёти тоҷик.
- Негматов Муҳаммадраҳим – хонандаи синфи 10 «б» аз фанни география.
- Амирҳамзаи Ҷаҳонгир – хонандаи синфи 10 «б» аз фанни таърих.
- Ҷуразода Давлатшо – хонандаи синфи 10 «а» аз фанни ҳуқуқ.
- Муҳаммади Нурмуҳаммад – хонандаи синфи 10 «а» аз фанни биология.
- Дар аввали моҳи феврал аз тарафи маъмурияти гимназия нақша – чорабиниҳо бахшида ҷашни Артиши миллӣ омода шуда, зина ба зина амалӣ гашта истодаанд. Аз аввали моҳ то ба имрӯз аз тарафи омӯзгорон озмуни «Шеъри беҳтарин», «Иншои беҳтарин», озмуни «Газетаи девории беҳтарин» дар мавзӯи Ватан, мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуданд.
- Бо ташабусси омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, Наҷмиддинов Муродалӣ ва Қаландарова Шаҳло санаи 6-уми феврал дар толори фарҳангии гимназия озмуни “Қироати шеърҳо дар васфи Ватан” дар байни синфҳои 5-6 гузаронида шуд, ки натиҷаи он чунин аст:
Ҷойи 1-ум. Таѓоева Омина – хонандаи синфи 6 «в»
Ҷойи 2-юм. Махсумова Суҳайба – хонандаи синфи 5 «а»
Солеҳов Комрон – хонандаи синфи 6 «б»
Ҷойи 3-юм. Муҳаммадова Мумина – хонандаи синфи 5 «б»
Ѓуломова Меҳрона – хонандаи синфи 5 «в»
Ҳамчунин чунин озмун санаи 7-уми феврал дар байни синфҳои 2 – 4 низ гузаронида шуд, ки дар ташкил ва баргузории ин озмун саҳми омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ назаррас аст.
Ҷойи 1-ум. Қобилова Мунзифа – хонандаи синфи 3 «в»
Солеҳова Беназир – хонандаи синфи 3 «б»
Ҷойи 2-юм. Раҳимзода Иноятулло – хонандаи синфи 2 «б»
Раҳимов Аврангзеб – хонандаи синфи 2 «г»
Қодирова Шухан – хонандаи синфи 4 «в»
Ҷойи 3-юм. Мирова Мавлуда – хонандаи синфи 2 «в»,
Маҳмудова Тахмина – хонандаи синфи 3 «а»
Меҳрнози Ҷамшед – хонандаи синфи 4 «а»
Девонова Марворӣ – хонандаи синфи 4 «б»
- Мусобиқа оид варзиши сабук дар байни синфҳои 2-4
Аз тарафи омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ Саримсоқов Алиҷон ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷаъфаров Насриддин санаи 8-уми феврал дар байни писарони синфҳои 2-4 мусобиқа оид ба варзиши сабук гузаронида шуда ғолибон муайян гаштанд.
Ҷойи 1-ум. Саидаҳмадов Аҳмад – хонандаи синфи 4 «б»
Аминов Муҳаммадҷон – хонандаи синфи 4 «в»
Ҷойи 2-юм. Раҳматов Самиаллоҳ – хонандаи синфи 4 «а»,
Саидов Њалим – хонандаи синфи 2 «в»
Ҷойи 3-юм. Шарофов Бобоҷон – хонандаи синфи 2 «б»,
Шарофов Алиҷон – хонандаи синфи 3 «б»
Санаи 14 -уми феврал чунин мусобиқа дар байни писарони синфҳои 5-11 баргузор гардид, ки натиҷа чунин аст:
Ҷойи 1-ум. Азизов Абубакр – хонандаи синфи 10 «а»
Ҷойи 2-юм. Қурбонов Фируз – хонандаи синфи 9 «а»
Ҷойи сеюм. Валиев Аббос – хонандаи синфи 9 «б»
Ғафуров Меҳроб – хонандаи синфи 11 “а”
- Мусобиқаи шашкабозӣ дар байни духтарон
Таҳти роҳбарии омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ Саримсоқов Алиҷон ва роҳбари созмони талабагони гимназия Давлатова Зулфизар санаи 11-уми феврал дар байни духтарони синфҳои 8-11 мусобиқа оид ба шашка гузаронида шуд.
Ҷойи 1-ум. Наҷмиддинова Аниса — хонандаи синфи 11 “а”
Ҷойи 2-юм. Сафарова Зебунисо — хонандаи синфи 9 «б»
Ҷойи 3-юм. Сумаяи Садриддин – хонандаи синфи 8 «б»
Санаи 13-уми феврал бошад, чунин озмун дар байни духтарони синфҳои 5-7 гузаронида шуд.
Ҷойи 1-ум. Њусейнова Фотима – хонандаи синфи 6 “в”
Ҷойи 2-юм. Салимова Фараҳноз – хонандаи синфи 6 «а»
Ҷойи 3-юм. Алиева Зуҳал – хонандаи синфи 7 «б»,
Озмуни “Газетаи беҳтарин” дар байни синфҳои 5-11 ва “Расми беҳтарин” дар байни синфҳои 2-4 бахшида ба 24 –солгарди Қувваҳо мусаллаҳи ҶТ.
Озмуни номбурда санаи 18-уми феврал ҷамъбаст гардид ва корҳои эҷодии хонандагон аз тарафи ҳакамон баҳогузорӣ шуда, ғолибони муайян гардиданд.
Ҷойи 1-ум. Колективи хонандагони синфи 6 “б”
Ҷойи 2-юм. Колективи хонандагони синфи 7 “б”
Ҷойи 2-юм. Колективи хонандагони синфи 9 “а”
Дар байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ин озмун хонандагони зерин ғолиб омаданд:
Ҷойи 1-ум. Раҳимов Саддам — хонандаи синфи 2 “а”
Ҷойи 2-юм. Маликаи Манучеҳр — хонандаи синфи 2 “г”
Асламов Ҷаҳоншо — хонандаи синфи 2 “г”
Ҷойи 3-юм. Олимова Омина — хонандаи синфи 4 “а”
Раҳмонова Басонат — хонандаи синфи 4 “в”
- Озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзуи “Ватанамонро ҳимоя мекунем” дар байни синфҳои 5-11
Санаи 16-уми феврал иншои навиштаи хонандагон ҷамбаст гардид. Қайд кардан лозим аст, ки дар гузаронидани ин озмун саҳми омӯзгорони иттиҳодияи методии забон ва адабиёти тоҷик наззарас аст.
Ҷойи 1-ум. Алиева Зуҳал хонандаи синфи 7 “б”
Шарифов Собирҷон хонандаи синфи 7 “а”
Шарифова Ёсуман хонандаи синфи 8 “а”
Раҳимова Рисола хонандаи синфи 9 “а”
Ҷойи 2-юм. Холиқов Масрур хонандаи синфи 8 “б”
Таѓоева Омина хонандаи синфи 6 “в”
Азизова Дилноза хонандаи синфи 9 “а”
- Озмуни “Эҷодиёти шеър дар васфи Ватан” дар байни синфҳои 5-11
Санаи 18-уми феврал ин озмун ҷамъбаст гардид, ки дар он хонандагон шеърҳои дар васфи Ватан эҷод намудаи худро пешниҳод намуданд. Шеърҳои шогирдон аз ҷиҳати маъно ва қофиябандӣ баҳогузорӣ карда шуд.
Ҷойи 1-ум. Шамсов Исмоил – хонандаи синфи 10 “а”
Ҷойи 2-юм. Саломов Сафиаллоҳ – хонандаи синфи 9 “б”
Солеҳов Комрон – хонандаи синфи 6 “б”
- Санаи 20 –уми феврал хонандагони синфҳои 9- 11 бо ҳамроҳии муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Шокиров Муродалӣ бо иҷозати фармондеҳи Қушунҳои зудамали ВМҶТ генерал-майор Раҳматзода Миралии Сайфулло аз қисми низомии 06870- и Қушунҳои зудамали ВМҶТ дидан карданд. Хонандагон аз ҳаёти сарбозон воқиф гашта бо онҳо сӯҳбату мулоқотҳо доир намуданд.