Маҳзани интерактивии мазкур воситаест, ки ба Шумо имкони дастрасӣ ба додаҳои кушодаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанберо дастрас мегардонад. Аз ҷумла маълумот дар бораи роҳбарият, ҳайати омӯзгорон, намуди таълим, рейтинги сифати хизматрасонӣ ва ғайраро метавонед дарёфт кард.
Маҳзани мазкур аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Баробарӣ” соли 2015 дар чорчӯбаи лоиҳаи “Дастрасӣ ба додаҳои кушодаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе” аз ҷониби мутаххасисони ватанӣ дар ҳамкории зич бо Раёсати маорифи шаҳри Душанбе бо истифодаи додаҳои кушодаи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шудааст. Лоиҳа бо дастгирии молии ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон таҳия карда шудааст.
Додаҳои кушода (англ. open data) мафҳумест баёнгари он идея, ки маълумоти муайян бояд барои истифода ва бознашр бидуни маҳдудияти ҳуқуқи муаллиф, иҷозтнома ва дигар механизмхои назоратӣ, дар дастарасии озод бошанд. Аз амалӣ шудани мафҳуми «ҳукумати кушода» фоидаи бевосита ва бавоситаи он на танҳо ба ҳукумат, балки қабл аз хама ба шаҳрвандон мерасад.